Поксозии баъзе манотиқи ғарбии Ироқ аз пайравони ДИИШ
Октябр 13, 2016 13:47 Asia/Dushanbe
Артиши Ироқ аз амалиёти поксозии манотиқе дар шимоли вилояти Анбор аз вуҷуди террористҳои ДИИШ хабар дод.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии "ал-Ям-ус-собеъ", артиши Ироқ бо ҳимояти нерӯҳои мардумӣ ва қабилаҳо, имрӯз, панҷшанбе, амалиёти поксозии ҷодаи Ҳадиса – Биҷи, воқеъ дар шимоли вилояти Анборро аз террористҳои ДИИШ оғоз карданд. Хабари дигаре аз Ироқ ин аст, ки гурӯҳи муқовимати исломии "Сароё Ошӯро", яке аз гурӯҳҳои нерӯҳои мардумӣ наздик ба Мусил расидааст.
Бо оғози ҳаракати нерӯҳои ироқӣ ба назар мерасад, амалиёти бузурги Мусил дар шимоли Ироқ барои озодсозии ин шаҳр аз даст террористҳои ДИИШ ба зудӣ анҷом хоҳад пазируфт.