Корона ҷони дипломати баландпояи фаластиниро гирифт
Дабири иҷроии Созмони озодибахши Фаластин ва музокиракунандаи баландпояи фаластинӣ бар асари гирифтор шудан ба вируси корона даргузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи хабарии Скай ниюс, Соиб Ариқот аз 8 октябр ба КОВИД-19 мубтало шуд ва то 18 октябр дар манзилаш дар Каронаи бохтарӣ бистарӣ буд, аммо дар пайи ногувор шудани вазъияти ҷисмониаш ба бемористоне дар Қудс мунтақил шуда буд.
Ариқот рӯзи сешанбе дар Байтулмуқаддас даргузашт.
Вай ҳангоми марг 65 сол дошт ва се сол пеш амали пайванди шуш анҷом дода буд.
Ин сиёсатмадори куҳнакори фаластинӣ аз соли 1995 сарпарастии ҳайати музокиракунандаи фаластиниён бо режими саҳюнистиро бар уҳда дошт ва аз мақомоти радаи болоии Созмони озодибахши Фаластин маҳсуб мешуд.
Бештар бихонед:
-
Сарвазири Фаластин: Исроил ба таъсиси пойгоҳҳои зидди-корона монеъ мешавад
-
Ҳушдори Фаластин дар бораи сӯистифодаи Исроил аз коронавирус