Қадимитарин сарвазири ҷаҳон даргузашт
(last modified Wed, 11 Nov 2020 15:09:09 GMT )
Ноябр 11, 2020 20:09 Asia/Dushanbe
  • Халифа бин Салмон 49 сол боз сарвазири Баҳрайн буд
    Халифа бин Салмон 49 сол боз сарвазири Баҳрайн буд

Халифа бин Салмон Оли Халифа, сарвазири 85-солаи Баҳрайн, ки тақрибан ним аср сарвазир буд, даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, подшоҳи Баҳрайн ба муносибати даргузашти нахуствазири ин кишвар як ҳафта азои умумӣ эълон кард ва идороти давлатӣ дар Баҳрайн низ се рӯз таътил шуд.

Халифа Бин Салмон аз соли 1971, ки Баҳрайн ба истиқлол расид токунун ( ба муддати 49 сол) мансаби нахуствазири Баҳрайнро бар ӯҳда доштааст ва қадимитарин нахуствазири ҷаҳон ба шумор меравад.

Вай амаки шоҳи Баҳрайн Ҳамад бин Исо ва яке аз қудратмандтарин аъзои оилаи салтанатӣ ва шадидтарин сиёсатмадорони Баҳрайн буд, ки дар ҷиноятҳои режими Ал-Халифа алайҳи рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дасти рости шоҳи Баҳрайн ҳисобида мешуд.

Халифа бин Салмон дар ба эътидол овардани муносибатҳои Баҳрайн бо режими Исроил нақши муҳим дошт ва барканории ӯ яке аз талабҳои асосии эътирозгарони баҳрайнӣ буд.

 

Бештар бихонед: