Расвоии озори ҷинсии занони зиндонӣ дар Арабистон бо мушорикати бародари валиаҳд
(last modified Wed, 18 Nov 2020 13:33:40 GMT )
Ноябр 18, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Фаъолони зан дар зиндонҳои саудӣ водор ба анҷоми рафторҳои ғайриахлоқӣ мешаванд
    Фаъолони зан дар зиндонҳои саудӣ водор ба анҷоми рафторҳои ғайриахлоқӣ мешаванд

Гузориши такондиҳандаи як фаъоли ҳуқуқи башар аз нақши хонадони Саудӣ, аз ҷумла бародари валиаҳди Арабистон дар озори ҷинсии занон дар зиндонҳои Арабистон парда бардошт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баронесс Ҳелена Кеннеди, вакили шотландии ҳуқуқи башар дар гузориши 40 сафҳаие ки рӯзномаи англисии «Дейли Мейл» онро гузорише такондиҳанда тавсиф кардааст, ба гӯшае аз озорҳои ҷинсии бозпурсҳои саудӣ алайҳи фаъолони ҳуқуқи занон дар зиндонҳои Арабистон ишора кардааст.

Ҳелена Кеннеди таҳрими нишасти сарони Гурӯҳи 20 -ро дар Риёз хостор шудааст

Ин гузориш дар остонаи нишасти Гурӯҳи 20 ба мизбонии Риёз мунташир шуда ва ин вакили мудофеи ҳуқуқи башар бар мабнои он таҳрими нишасти ояндаи сарони иқтисодии ҷаҳон, мавсум ба Гурӯҳи 20 (G-20) -ро дар Риёз хостор шудааст.

Дар бахше аз ин гузориш омадааст, ки бозпурсони саудӣ фаъолони ҳуқуқи занонро дар зиндонҳои Арабистони Саудӣ водор ба анҷоми рафторҳои ғайриахлоқӣ ва хориҷ аз урф кардаву сипас бо овезон кардани онҳо аз сақф, ба онҳо шоки электрикӣ ворид мекунанд.

Ин вакили ҳуқуқи башар ҳамчунин гуфтааст, ки занон дар зиндонҳои саудӣ водор ба тамошои тасовири мустаҳҷан мешаванд ва бозпурсони саудӣ онҳоро латукӯб ва ба таҷовуз таҳдид мекунанд.

Дар бахше аз ин гузориш ба ҷузъиёти парвандаҳои фаъолони зани боздоштшуда ва бадрафтории бозпурсҳои саудӣ бо онҳо ишора шуда, ки дар мавориде бозҷӯӣ аз занони зиндонӣ бо назорати Холид бин Салмон, бародари кӯчактари валиаҳди Арабистон ва Сауд Алқаҳтонӣ, фарди муттаҳам ба ҳамоҳангии қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими саудӣ анҷом гирифтааст.

Кеннеди бо ишора ба иқдомоти ғайриинсонии бозпурсҳои саудӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ дархост кард, нишасти Гурӯҳи 20 ба мизбонии Арабистони Саудиро дар сурати озод накардани фаъолони ҳуқуқи занон байкот кунанд.

 

Бештар бихонед: