Тарси Арабистон аз бозгашти Байден ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон
Намояндаи доими Арабистони Саудӣ дар Созмони Милали Муттаҳида аз Раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико Ҷо Байден хост тавофуқи ҷадиде бо Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Абдулло ал- Муаллимӣ рӯзи якшанбе иддао кард, ки ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон мурдааст ва Ҷо Байден бояд бо Эрон ба тавофуқи тозае бирасад.
Файсал Бин Фарҳон Ол-Сауд, вазири хориҷаи режими саудӣ низ рӯзи якшанбе бо ҳимоят аз корзори фишори ҳаддиаксарии давлати Амрико алайҳи Эрон гуфт: "Арабистони Саудӣ бояд дар ҳар музокираи эҳтимолӣ миёни давлати Амрико ва Эрон дар мавриди тавофуқи ҳастаии нав ҳузур дошта бошад ва бахше аз он бошад."
Дар ҳамин ҳол вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Пампео дар дувумин сафари худ ба Ховари Миёна, ки бо ҳадафи афзоиши фишорҳо ба Эрон сурат гирифтааст, шаби якшанбе бо валиаҳд ва вазири дифои Арабистон Муҳаммад Бин Салмон дидор кард.
Амрико ва талоши ҳаддиаксарӣ ба Эрон
Амрико баъд аз 8 майи соли 2018 ва хориҷ шудани ғайриқонунӣ аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ё барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, ки ба таври хулоса Барҷом номида мешавад корзори ҳамаҷониба барои фишор овардан бар Эрон ба роҳ андохта шавад.
Вашингтон эълом кардааст, ки ҳадаф аз "корзори фишори ҳаддиаксарӣ" алайҳи Эрон расидан ба тавофуқи нав бо Теҳрон, ки дар он ба ҳама масоили мавриди назари Амрико пардохта шавад.
Хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмилалӣ рӯбарӯ шуд ва танҳо режими саҳюнистӣ, Арабистони Саудӣ ва ҳампаймононаш, яъне Иморот ва Баҳрайн аз ин иқдоми ғайриқонунии Доналд Трамп ҳимоят карданд.
Бештар бихонед: