Эътирофи муфтии ДИИШ ба ҳимояти молии саудиҳо аз террористҳо
Муфтии дастгиршудаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ аз ҳимояти молии саудиҳо аз гурӯҳҳои террористӣ ва мусаллаҳ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории «Ал-Аҳд нюз», « Шифо Ан-Ниъма» муфтии дастгиршудаи ДИИШ ва қозии шаръии ин гурӯҳи террористӣ дар давраи ишғоли остони Найнавои Ироқ гуфт, ки дар ин муддат дубор ба манзури дарёфти пул ба Арабистон сафар кардааст.
Ан-Ниъма афзуд : соли 2006 бо шахсе ба номи «Абумустафо Ал Ироқӣ » дар Макка мулоқот ва пули кофиро барои эҷоди марказе ба манзури ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дарёфт кардааст.
Ин муфтии ДИИШ ҳамчунин бо ишора ба сафари дувуми худ ба Арабистон ва дидор бо як фарди саудӣ гуфта, ки аз ӯ низ барои идомаи кори мусаллаҳона дар Ироқ кумаки молӣ гирифтааст.
Ан-Ниъма дар мавриди мунфаҷир кардани мақбараи Юнуси паёмбар ( а ) дар остони Найнаво ҳам гуфт: барои гумроҳ кардани афкори умумӣ пас аз инфиҷори ин мақбара ба дуруғпардозӣ рӯй оварда ва муддаӣ шуда, ки мақбараи паёмбаре вуҷуд надоштааст, балки ин банно фақат як кохи Ошӯрӣ будааст.
"Шифо Ан-Ниъма" авоили соли 2020 ба дасти нерӯҳои амниятии Ироқ дастгир шуд.
Ба гуфтаи коршиносони амниятии Ироқ, дастикам 15 ҳазор террористи саудӣ анвоъи ҷинояти террористиро дар Ироқ муртакиб шудаанд.
Ироқ дар солҳои баъд аз ҷанги Амрико аз соли 2003 милодӣ ба баъд қурбонии ҳазорон амалиёти террористӣ аз сӯи атбои саъудӣ буд, ки бо вуруд ба Ироқ даст ба куштори мардуми ин кишвар заданд.
Бештар бихонед: