Декабр 03, 2020 11:59 Asia/Dushanbe
  • Маҷмаи умумии СММ бо 5 қатънома бар ҳуқуқи Фаластин ва ҳокимияти Сурия бар Ҷавлони ишғолӣ таъкид кард
    Маҷмаи умумии СММ бо 5 қатънома бар ҳуқуқи Фаластин ва ҳокимияти Сурия бар Ҷавлони ишғолӣ таъкид кард

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо тасвиби панҷ қатънома бар ҳақи мардуми Фаластин ва ҳокимияти Сурия бар баландиҳои Ҷавлони ишғолӣ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, 75-умин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, шомгоҳи чаҳоршанбе чаҳор қатънома дар бораи Фаластин ва як қатънома дар нафии султаи режими саҳюнистӣ бар баландиҳои ишғолии Ҷавлони Сурия тасвиб кард.

Дар яке аз ин қатъномаҳ амиқан ибрози таассуф шуда, ки бо гузашти 53 сол аз оғози ишғоли Исроил ва беш аз 73 сол аз тасвиби қатъномаи 18 дар 29 ноябри 1947, пешрафти малмӯсе барои дастёбӣ ба як роҳи ҳалли сулҳомез ба даст наомадааст.

Дар қатъномаи дигаре бо таъкид бар инки Созмони Милали Муттаҳид" масъӯлияти доимӣ" дар қиболи масъалаи Фаластин дорад аз Конфронси тиҷорат ва тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид дархост шуда, то ҳазинаҳои иқтисодиро, ки ишғоли режими саҳюнистӣ бар манотиқи фаластинӣ эҷод кардааст ба Маҷмаи умумӣ гузориш диҳад.

Таъкид бар ихтисоси манобеи лозим ба бахши ҳуқуқи фаластиниён дабирхонаи Созмони милал, зарурати дастёбӣ ба ҳаллу фасли одилона, пойдор ва ҷомеъи масъалаи Фаластин барои ҳали ҳастаи аслии даргирии аъроб ва Исроил ва сулҳу суботи ҷомеъ ва пойдор дар Ховари Миёна, таъкид бар аслт нопазируфтанӣ будани тасарруфи сарзамин бо зур, зарурати эҳтирому ҳифзи якпорчагии сарзаминӣ ва ваҳдати сарзамини Фаластини ишғолӣ ва поён додан ба ишғолгарии режими саҳюнистӣ аз мафоди дигари қатъномаҳое аст, ки шаби гузашта дар Маҷмаи умумии Созмони милал содир шуд.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин шаҳраксозии саҳюнистӣ, мусодираи замин ва тахриби хонаҳои фаластиниён ва соири иқдомоти якҷонибаро бо ҳадафи тағйири таркиби ҷамъият ва вазъияти Қудс ғайриқонӯнӣ дониста ва хостори таваққуфи фаврии он шудааст.

Созмони Милали Муттаҳиди “масъӯлияти доимӣ” дар қиболи масъалаи Фаластин дорад

Қатъномаи Ҷавлони Сурия

Дигар қатъномае, ки бар хилофи фишори саҳюнистҳо ва Амрико ба тасвиб расид, таъкид бар ҳокимияти Сурия бар баландиҳои ишғолии Ҷавлон буд.

Дар ин қатънома бо тавваҷуҳ ба нопазируфтанӣ будани илҳоқи сарзамин бо зур бар асоси Маншури СММ, тадовуми ишғолгарии режими саҳюнистӣ бар баландии Ҷавлони Сурия, ки аз 1967 токунӯн идома дорад, нақзи қатъномаи Шӯрои амният дониста шудааст.

Ин қатънома ҳамчунин ҳар гуна фаъолияти сохту сози ин режим дар баландии Ҷавлонро ғайриқонӯнӣ дониста ва хостори хурӯҷи Исроил аз тамоми Ҷавлони ишғолии Сурия ба хати 4 июни 1967 шудааст.

Ҳамчнун аз дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хоста -шудааст то дар 76-умин Маҷмаи умумӣ дар мавриди иҷрои қатъномаи ҳозир гузориш диҳад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Суқути як ҳавопаймои исроилӣ дар ҷануби Фаластини ишғолӣ

Тасвиби 6 қатънома ба нафъи Фаластин дар Маҷмаи умумии СММ

Ҷумбиши ғайримутааҳидҳо: Исроил аз Ҷавлони ишғолӣ хориҷ шавад

 

Барчасп