Декабр 06, 2020 18:06 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги ривоятии Голливуд ва шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи Ҳашду Шаъбӣ

Даври ҷадиди ҳуҷум алайҳи Ҳашду Шаъбӣ бо баҳрагирӣ аз синамо ва шабакаҳои маҷозӣ оғоз шудааст.

Ин давр аз ҳуҷумҳо низ тавассути Амрико ва Арабистони Саудӣ ҳидоят ва иҷро мешавад. Арабистон бо баҳрагирӣ аз шабакаҳои маҷозӣ дар садади тахриби чеҳраи Ҳашдуш-Шаъбӣ аз тариҷи муттаҳам кардани он ба хушунат, фасод ва фирқагароӣ аст.

Америка бо сохти филми синамоии "Мосул" талош кард наҷши Ҳашдуш-Шаъбӣ ва артиши Ироҷро дар озодсозии Мосул аз ишғоли ДИИШ нодида гирад ва нақши артиши Амрикоро бузург кунад. Филми Мосел. ки бо лаҳҷаи ироҷӣ тавассути ширкати амрикоии   Нетфликс тавлид шуд ҳамакнун дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳоли пахш аст.

Ширкати амрикоии нетфликс, ки ба доштани мавзеи зиддиисломӣ машҳур аст дар ин филм ҷанги ривоятиро дар бораи озодсозии Мосул дар пеш гирифтааст. Ин филми акшен бо таҳрифи вақоеи ҷанг  бо ДИИШ дар Мосул, ривоти Голливудӣ аз ин ҷанг ироа кард, ки эътибори ривоятии он аз сӯи ироҷиҳо зери суол рафтааст.

"Саад Маан", мудири иртиботот ва расонаҳои Вазорати умури дохилаи Ироқ гуфт, ки дар филми Мосул кӯшиши паст кардани мақом ва аҳамияти нерӯҳои низомии Ироқ  ва Ҳашдуш-Шаъбӣ бо заъиф ва фасодзада унвон шудааст. Ҳамчунин Моҳанд Ал-Ақобӣ мудири расонаии Ҳашдуш-Шаъбӣ низ гуфт: Ин филм натанҳо алайҳи Ҳашдуш-Шаъбӣ, балки алайҳи тамоми нерӯҳои ироқӣ таҳия шудааст. Вай хотирнишон крд дар амалиёти озодсозии Мосул ҳеҷ маъмурияти ҷангӣ бар ӯҳдаи нерӯҳои вижаи Амрико набуд.

Чанд ҳадафи муҳим дар хусуси илали ҳуҷуми расонаӣ алайҳи Ҳашдуш-Шаъбӣ вуҷуд дорад.

Ҳадафи аввал ин аст, ки нақши Амрико дар мубориза бо терроризми ДИИШ дар Ироқ барҷаста шавад ва дарвоқеъ Амрико ба унвони раҳбари мубориза бо ДИИШ муаррифӣ шавад. Барои ноил ба ин ҳадаф аз қобилиятҳои синамо ва текникҳои Голливуд баҳра гирифта ва талош шуд ривояти амрикоӣ аз озодсозии Мосул барҷаста шавад.

Ҳадафи дуввум ин аст, ки яке аз муҳимтарин коркардҳои Ҳашдуш-Шаъбӣ, ки ҳамон нақши бузург дар озодсозии тамомияти арзии Ироқ аз ишғоли ДИИШ буд, тазъиф ва хадша ба он ворид шавад. Ин коркардест, ки натанҳо Ҳашдуш-Шаъбӣ, балки бахши зиёде аз мардуми Ироқ низ ба он ифтихор мекунанд. Амрикоиҳо барои ноил шудан ба ин ҳадаф, артиши Ироқро артиши фурупошида, фосид ва Ҳашду Шаъбиро низ ниҳоди тозатаъсис, камтаҷриба, фирқагаро ва даргири фасод муаррифӣ карданд.

Ҳадафи саввум ин аст, ки ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ барои мардуми ин кишвар ба унвони як зарурат матраҳ шавад. Чунки агар низомиёни амрикоӣ аз Ироқ хориҷ шаванд, ин кишвар ба далели заъфи артиш ва фасод бо мушкили амниятӣ мувоҷеҳ мешавад.

Ҳадафи чаҳорум ин аст, ки дар остонаи интихоботи порлумонии зудҳангом, чеҳраи Ҳашду Шаъбӣ дар афкори умумии Ироқ тахриб шавад. Ин мавзӯ ба хусу ҳадафест, ки ҳамзамон бо баҳрагирии Амрико аз Голливуд, Арабистони Саудӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунад.

Нуктаи поёнӣ инки; афкори умумии Ироқ бо ҳаштакҳои ҳимоятӣ аз Ҳашду Шаъбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба филми Мосул ва сиёҳнамоии саудиҳо ба таври густарда вокуниш нишон доданд то ҷанги ривоятии Амрико ва Арабистон алайҳи Ҳашду шаъбӣ низ дар остонаи шикаст бошад.

Бештар бихонед:

Барчасп