Ҳукми табрааи додгоҳи Арабистон барои омилони суқути кран дар Макка
(last modified Thu, 10 Dec 2020 13:37:16 GMT )
Декабр 10, 2020 18:37 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Арабистони Саудӣ омилони суқути кранро дар Макка сафед кард
    Додгоҳи Арабистони Саудӣ омилони суқути кранро дар Макка сафед кард

Додгоҳи ҷиноии Арабистони Саудӣ садамаи крани соли 2015 дар Маккаро, ки 111 нафарро кушт, ҳамчун "Балои осмонӣ" тавсиф кард ва ҷинояткоронро сафед кард.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи рӯзномаи  "Оказ" -и Саудӣ рӯзи панҷшанбе, Додгоҳи ҷиноии Макка 13 муттаҳами садамаи кран дар соли 2015, аз ҷумла Ҳолдинги Бен Ладенро сафед кард. 

Мутобиқи ин гузориш, додгоҳ бо истинод ба гузориши созмони ҳавошиносӣ ва ҳифозат аз муҳити зист мабни бар номусоид будани шароит дар рӯзи ҳодиса ва рӯзи қабл аз он, раъй ба табраааи муттаҳамони ин ҳодиса дод.

Додгоҳи Макка эълом кард он чӣ дар рӯзи ҳодиса дар Макка рух додаро метавон ҷузъи балои осмонӣ донист, ки эҳтиёт ва ҳушёрӣ дар бораи он  агар маҳол набошад- қатъан душвор аст.

Додгоҳ бо ишора ба инки дар гузоришоти доираи қазоӣ ҳеч санаде мабнӣ бар итилоърасонии созмони ҳавошиносӣ дар хусуси эҳтимоли вуқӯъи тӯфонҳои шадид бо суръати 70 километр бар соат вуҷуд надорад, ширкати Бен Ладенро дар ин бора муқассир нашинохтааст. 

Ҳодисаи суқути кран дар мавсуми ҳаҷи соли 2015 мунҷар ба кушта шудани 111 нафар ва захмӣ шудани шумории зиёде аз зоирони хонаи худо шуд.

Холдинги Бен Ладен, ки бо номи бузургҷуссаи сохтмон дар Арабистони Саудӣ маъруф аст, соли 1931 аз ҷониби Муҳаммад Бен Ладен, падари Усома Бен Ладин, раҳбари собиқи Ал-Қоида таъсис ёфтааст.