Декабр 12, 2020 12:04 Asia/Dushanbe
  • Марокаш чаҳорумин кишвари арабӣ аст, ки бо Исроил сулҳ мекунад
    Марокаш чаҳорумин кишвари арабӣ аст, ки бо Исроил сулҳ мекунад

Дар пайи иқдоми давлати Марокаш барои оддисозии равобит бо Исроил давлати Трамп эълом кард, ки ба зуддӣ якмиллиард доллар таслиҳот ба Марокаш хоҳад фурӯхт.

Ба гузориши шабакаи хабарии Ал Олам, манобеи огоҳ гуфтаанд, давлати Доналд Трамп ба Кангресси Амрико иттилоъ додааст, ки қасд дорад якмиллиард доллар таслиҳот ба Марокаш бифурӯшад.

Ин манобеи гуфтаанд, ин таслиҳот, аз ҷумла шомили чаҳор фарванд паҳпод(ҳавопаймои бесарнишин) ва таслиҳоти ҳидояти дақиқ хоҳад буд.

Хабари фурӯши таслиҳоти амрикоӣ дар ҳоле мунташир шудааст, ки рӯзи гузашта раиси ҷумҳури Амрико эълом кард, Марокаш ва Исроил барои оддисозии робита бо якдигар тавофуқ кардаанд.

Марокаш чаҳорумин кишвар арабӣ аст, ки дар моҳҳои ахир бо талошҳо ва миёнҷигарии Доналд Трамп пас аз Имороту Баҳрайн ва Судон ба масири оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ворид шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Мақоми кувайтӣ: савори қатори оддисозии равобит бо Исроил намешавем

Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ оддисозии равобит бо Исроилро маҳкум кард

Интиқоди уламои исломӣ аз оддисозии равобити Иморот ва Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ

 

 

Барчасп