Январ 05, 2021 12:23 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи Арабистон ва Қатар ҳудуди сеюним сол идома дошт
    Ихтилофи Арабистон ва Қатар ҳудуди сеюним сол идома дошт

Вазири хориҷаи Кувайт душанбешаб дар баёнияе аз тавофуқ миёни Арабистони Саудӣ ва Қатар барои бозкушоии марзҳои заминӣ ва ҳавоӣ миёни ду кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Аҳмад Носир Алмуҳаммад Ассабоҳ, вазири хориҷаи Кувайт гуфт: Байни Арабистону Қатар тавофуқ шудааст то марзҳои ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии худро аз душанбешаб ба рӯйи якдигар бозкушоӣ кунанд ва ба тамоми мавзӯоти марбута расидагӣ шавад.

Аз сӯи дигар Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ низ гуфтааст, ки аз ин пас иҷлоси Шӯрои ҳамкорӣ, иҷлоси ваҳдати калима ва якпорчакунандаи сафбандиҳо хоҳад буд ва ормонҳо барои иттиҳоду ҳамбастагӣ амалӣ хоҳад шад.

Ихтилофи Арабистону Қатар ҳудуди сеюним сол идома дошт.

Арабистони Саудӣ, Иморот, Баҳрайн ва Миср дар июни 2017 равобити худ бо Қатарро қатъ ва иддао карданд, ки ин кишвар аз тероризм ҳимоят мекунад, иддаое, ки давлати Қатар онро рад кард.

Аз сӯи дигар, як мақоми амрикоӣ, ки номаш зикр нашуда, гуфтааст: Тавофуқ шуд то Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Миср муҳосира аз Қатарро рафъ кунанд ва Доҳа низ аз шикояти ҳуқуқии худ алайҳи онҳо сарфи назар кунад.

Вай афзуд: Кушнер, мушовири Доналд Трамп барои дастёбӣ ба ин тавофуқ нақш доштаву дар маросими имзои тавофуқ миёни ду тараф дар Арабистон ҳузур хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп