Январ 14, 2021 19:49 Asia/Dushanbe
  • Димишқ : Алқоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дастпарвардаи Амрико ҳастанд

Вазорати хориҷаи Сурия иддаоҳои Амрико зидди Ҷумҳурии исломии Эронро талоши шармовар барои рафъи иттиҳом аз худ ва ворид кардани иттиҳомот ба дигарон донист.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия ( САНА)) , вазорати хориҷаи Сурия рӯзи панҷшанбе дар баёнияе иттиҳомоти давлати Амрико ба Ҷумҳурии исломии Эронро маҳкум ва таъкид кард , иддаоҳои Амрико дар бораи ҳимояти Эрон аз гуруҳи террористии Алқоида дуруғ буда ва дар ростои таблиғоти ҷунуномези Амрико алайҳи Эрон аст.

 Вазорати хориҷаи Сурия таъкид кард , ҳама медонанд гуруҳи Алқоида ва дигар гуруҳҳои террористӣ сохти Амрико ҳастанд ва яке аз абзорҳои ин кишвар барои тарсондани миллатҳо ва барҳам задани суботу амнияти дигар кишварҳо ва ба султа кашидани онон аст.

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Сурия омада аст , Сурия дар қиболи ин ёвагӯии Амрико ба сурати комил аз Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят ва бо он эъломи ҳамбастагӣ мекунад.

 Майк Пампео-вазири хориҷаи Амрико дар изҳороти бепояву асос , Эронро пойгоҳи Алқоида хонду муддаӣ шуд, ки теъдоди зиёде аз аъзои Алқоида баъд аз 11 сентябр ба Эрон паноҳ бурдаанд.

 Саиди Хатибзода-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар посух ба ин иттиҳомот гуфт:Такрори иттиҳомот ва намоиши санадсозии дуруғин таҳти унвони ифшои иттилооти маҳрамона тавассути Майк Пампео-вазири хориҷаи Амрико дар як ҳафтаи боқимонда аз умри ҳукмронии ёғигароёнаи режими Трамп , нишонаи заъфу дармондагӣ ва шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарии онҳо алайҳи Эрон аст.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп