Январ 24, 2021 11:32 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи ал-Вия ал-Ваъд ал-Ҳақ таъкид кард, ки ин амалиёт дар интиқоми хуни шаҳидони инфиҷорҳои Бағдод будааст
    Гурӯҳи ал-Вия ал-Ваъд ал-Ҳақ таъкид кард, ки ин амалиёт дар интиқоми хуни шаҳидони инфиҷорҳои Бағдод будааст

Гурӯҳи мавсӯм ба “ал-Вия ал-Ваъд ал-Ҳақ”  дар Ироқ дар баёнияе эълом кард: “ҳамлаи паҳподии шанбе ба пойтахти Арабистони Саъудӣ кори ин гурӯҳ ва дар интиқоми хуни шаҳидони инфиҷорҳои террористии Бағдод будааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, эътилофи мутаҷовиз ба Яман ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ зуҳри рӯзи шанбе (ба вақти Теҳрон) муддаӣ шуд, ки як паҳпод(ҳавопаймои бедуни сарнишин)-и душманро дар осмони шаҳри Риёз раҳгирӣ ва мунҳадим кардааст.

Дар пайи инфиҷори ин паҳпод бархе манобеи Саъудӣ муддаӣ шуданд, ки Ансоруллоҳи Яман як мӯшак ба самти Риёз шиллик кардааст, аммо сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар вокуниш ба ин иддао онро мутлақан рад кард ва гуфт: «нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар 24 гузашта ҳечгӯна амалиёти ҳуҷӯмӣ алайҳи мутаҷовизон надоштаанд.»

Гурӯҳи мавсӯм ба “ал-Вия ал-Ваъд ал-Ҳақ” (типҳои ал Ваъда ал Ҳақ) дар канали телеграмии худ бо интишори баёнияе навишт: «пас аз зиёдахоҳӣ ва исрори арабҳои Халиҷи [Форс] бар ҷиноят дар ҳаққи миллатҳои минтақа ва идомаи ҳимоятҳои онҳо аз бондҳои табаҳкори ДИИШ ва гурӯҳакиҳои такфирӣ, мо фарзандони шибҳи ҷазираи араб ба ваъдаи худ амал карда ва паҳподҳои руъбу ваҳшатро ба подшоҳии Оли Саъуд фиристодем ва дежҳои онҳо дар Кохи Ал Ямома ва аҳдофи дигарро дар Риёз ҳадаф қарор додем.»

Кохи Ал Ямома маҳали иқомати шоҳ ва валиаҳди Арабистони Саъудӣ аст.

Ин гурӯҳи ироқӣ таъкид кардааст, ки ин амалиёти талофиҷӯёна дар интиқоми хуни шаҳидони инфиҷорҳои ахири Ироқ будааст ва дар сӯрати такрори ин гӯна ҳамалоти террористӣ аз сӯи Бин Салмон ва Бин Зоид, валиаҳдҳои Саудӣ ва Абӯ Забӣ ҳамалоти баъдӣ ба Дубай кашонда хоҳад шуд.

Дар инфиҷорҳои террористии се рӯзи пеш дар шаҳри Бағдод ду тан аз атбои Саудӣ бо мунфаҷир кардани камарбанди инфиҷории худ дар байни бозорён 32 ғайринизомиро шаҳид ва беш аз 120 нафарро низ захмӣ карданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп