Январ 24, 2021 20:11 Asia/Dushanbe
  • Озодаи фаластинӣ: Эрон ҳомии аслӣ дар муқобила бо режими саҳюнистӣ аст

Яке аз раҳбарони Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ва озодаи фаластинӣ таъкид кард: Эрон ҳомии аслии Фаластин барои муқобила бо режими саҳюнистӣ аст.

 Хизр Аднон-аз раҳбарони Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ва озодаи фаластинӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс гуфт:Дар миёни уммати арабӣ ва исломӣ Ҷумҳӯрии исломии Эрон ҳар рӯз ҳимояти худро аз Қудс , Масҷидулақсо , маконҳои муқаддасу миллати Фаластин эълом мекунад .

 Аднон бо ишора ба авзоъи ногувори асирони фаластинии дар банди режими саҳюнистӣ аз сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи авзоъи ин асирон ба вижа дар шароити густариши корона интиқод кард.

 Ҳамакнун 6 ҳазору 500 фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд.

Хизир Аднон дар бораи ояндаи бархе аз кишварҳои арабӣ, ки равобити худ бо режими саҳюнистиро оддӣ кардаанд, низ изҳор дошт:Сарони ин кишварҳо бояд бидонанд, ки дучори иштибоҳи бузурге шудаанд, зеро ҳадафи режими ишғолгари Исроил ғорати сарвати ин кишварҳо аст.

 То кунун бо фишорҳои Амрико чаҳор кишвари Аморот, Баҳрайн, Судон ва Марокаш бо Исроил бар сари оддисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расидаанд. Ин тавофуқҳо бо мухолифати густарда дар ҷаҳони ислом мувоҷеҳ шуда аст.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп