Як корвони дигари низомиёни Амрико дар Ироқ ҳадаф қарор гирифт
Манобеи ироқӣ аз ҳадаф қарор гирифтани як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ дар Ироқ хабар доданд.
Ба гузориши канали телеграмии “Собирин Нюс”, як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ рӯзи душанбе дар бузургроҳи Басра - Носирия ҳадаф қарор гирифт.
Ҷузъиёти бештаре аз ин хабар ҳанӯз мунташир нашудааст.
Дар моҳҳои ахир корвонҳои ҳомили таҷҳизоти пуштибонӣ барои низомиёни амрикоии мустақар дар пойгоҳҳои низомии Ироқ борҳо ба сурати ҳафтагӣ ва ҳатто рӯзона ҳадафи инфиҷори бомбаҳои канорироҳӣ қарор гирифтаанд.
Гурӯҳҳои ироқӣ пеш аз ин эълом карда буданд, ки муҳлати пешниҳодшуда ба давлати Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ ба поён расидааст.
Мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи Амрико аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ пештар тарҳеро дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо ба тасвиб расонидааст.
Бештар бихонед:
- Шашумин корвони низомии Амрико дар Ироқ ҳадаф қарор гирифт
- Гурӯҳи “Қосим Ал-Ҷабборин” масъулияти ҳамла ба корвонҳои амрикоиро дар Ироқ бар уҳда гирифт
- Намояндаи ироқӣ: Мусаввабаи ихроҷи низомиёни амрикоӣ бояд амалӣ шавад