Октябр 17, 2016 18:32 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷиноёти саҳюнистҳо зидди кӯдакони фаластинӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ дар идомаи ҷиноёт зидди фаластиниён, кӯдакони фаластиниро ба асорат мегиранд

Ба гузориши хабаргузории Қудс, Кумитаи умури асирони фаластинӣ, рӯзи душанбе бо интишори гузорише эълом кард, низомиёни режими саҳюнистӣ аз оғози соли 2016 токунӯн, дастикам 1000 кӯдаки фаластиниро ба баҳонаҳои беасос боздошт кардааст .

Бар асоси ин гузориш, шумори зиёде аз ин кӯдакон дар боздошти идорӣ (бидуни тафҳим ва иттиҳом муҳокима) дар зиндон басар мебаранд .

Дар ҳамин чорчӯб, низомиёни режими саҳюнистӣ субҳи рӯзи душанбе бо ҳамла ба шаҳрҳои Алхалил, Байтулаҳм ва Наблос дар Каронаи бохтарии руди Урдун, 5 шаҳрванди фаластиниро боздошт карданд .

Низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф фаластиниёнро боздошт мекунанд.

Тибқи оморҳои « Ҷумбиши асирони фаластинӣ » беш аз ҳафт ҳазор фаластинӣ дар 22 зиндони режими саҳюнистӣ маҳбусанд, ки ҳафт нафар аз онҳо беш аз 30 сол дар асоратанд .

Дар байни асирони фаластӣ 67 асири зан, 400 асири кӯдак ва шаш намояндаи маҷлиси қонунгузории Фаластин ҳастанд .

Беш аз 700 асири фаластинӣ ҳам ба сӯрати идорӣ ( бидуни тафҳими иттиҳом ва муҳокима) дар зиндони режими саҳюнистӣ маҳбусанд .