Хашми Натаняҳу аз қарори Девони ҷазоии байналмиллалӣ
(last modified Sat, 06 Feb 2021 09:47:09 GMT )
Феврал 06, 2021 14:47 Asia/Dushanbe
  • Қарори Девони ҷазоии байналмиллалӣ ба салоҳияти худ барои расидагӣ ба ҷурми исроилиҳо хашми Натаняҳуро барангехт
    Қарори Девони ҷазоии байналмиллалӣ ба салоҳияти худ барои расидагӣ ба ҷурми исроилиҳо хашми Натаняҳуро барангехт

Нахуствазири режими саҳюнистӣ қарори Девони ҷазоии байналмиллалӣ дар мавриди заминҳои Фаластинро « сиёсикорӣ » донист ва аз он интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , Бинямин Натаняҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба қарори Девони ҷазоии байналмиллалӣ  гуфт : « Ин додгоҳ собит кард, ки як гурӯҳи сиёсӣ аст то созмони қазоӣ.»

Вазорати умӯри хориҷаи Амрико низ дар вокуниш ба қарори Додгоҳи Гаага ибрози нигаронӣ кард.

 Қозиҳои Девони ҷазоии байналмиллалӣ ҷумъаи гузашта ба салоҳияти доштани ин додгоҳ барои расидагӣ ба ҷурми исроилиҳо дар сарзаминҳои фаластинии соли 1967 раъй  доданд.

 Мутобиқи раъи ин додгоҳ сарзаминҳои ишғолии 1967-и Фаластини Каронаи бохтарӣ аз ҷумла Қудси шарқӣ ва навори Ғаззаро шомил мешавад ва ҳар гунаи шаҳраксозӣ ё фаъолияти режими саҳюнистӣ дар ин заминҳо ғайриқонунӣ аст.

 Вазорати хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин раъйи додгоҳи Гаагаро раъйи торихӣ барои оғози пайгарди қазоии муҷримон  дониста ва эълом карда аст, ки ин ташкилот омодаи ҳамкорӣ бо додгоҳи кайфарии байналмиллалӣ аст.

 

 Бештар бихонед: