Октябр 18, 2016 12:30 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои тарҳи оташбас дар Яман бомдоди панҷшанбе

Намояндаи вижаи Созмони милал дар умури Яман эълом кард, тарҳи оташбас дар ин кишвар аз бомдоди панҷшанбе оғоз мешавад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерс", Исмоил валади Шайх Алаҳмад, намояндаи вижаи Созмони милал дар умури Яман рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, аҳзобу гурӯҳҳои яманӣ тазмин додаанд, ки оташбас дар ин кишвар аз бомдоди панҷшанбе ва дар марҳилаи аввал ба муддати 72 соат ва бо имкони тамдид оғоз шавад.

Абдулмалик Алмахлофӣ, вазири умури хориҷаи давлати мустаъфии Ямаи ҳам рӯзи душанбе эълом кард, Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман бо оташбаси 72 соатаи қобили тамдид мувофиқат кардааст.

 Арабистон, ки аз марти соли 2015 бо ҳимояти бархе кишварҳои арабиву Амрико ба Яман ҳамла кардааст, пеш аз ин ба оташбасҳои эъломшуда, ки бар асоси музокироти сулҳ ва бо назорати Созмони Милали Муттаҳид ба иҷро гузошта шудааст, пойбанд набудаву ҳамчунон ба ҷиноёти худ дар Яман идома медиҳад.

 

Барчасп