Октябр 18, 2016 13:42 Asia/Dushanbe
  • Ҷадидтарин омор аз қурбониёни ҷанг дар Яман

Бар асари ҳамлаи Арабистон ба Яман то кунун беш аз ҳашт ҳазор нафар кушта шудаанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Алмассира", Ғозӣ Исмоил, ҷонишини вазири беҳдошти Яман рӯзи душанбе дар Санъо, пойтахти Яман гуфт, дар ҳамалоти 19 моҳи гузаштаи Арабистон ба Яман, беш аз 8 ҳазор нафар кушта ва 19 ҳазору 500 нафар захмӣ шудаанд. 

Ғозӣ Исмоил бо баёни ин ки ҷангандаҳои Арабистони Саудӣ тамоми марказҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор медиҳанд, таъкид кард, нерӯҳои саудӣ амдан гирдиҳамоиҳои иҷтимоӣ, ҷашнҳои арӯсӣ ва маросими ҷанозаро бомбаборон мекунанд.

Вай ҳамчунин шумори кушташудагони ҳамлаи амдии 8 -уми октябри ҷангандаҳои Арабистон ба маросими азодорӣ дар Санъоро 136 нафар эълом кард ва гуфт, дастикам 615 нафар низ захмӣ шудаанд ва афзоиши эҳтимолии талафот ба далели шиддати ҷароҳоти бархе аз афрод дур аз интизор нахоҳад буд.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Яман, 216 маркази беҳдошт ба сурати куллӣ ва 199 марказ ҷузъӣ дар 19 моҳи гузашта аз ҳамалоти Эътилофи Саудӣ ба Яман хисорат дида ва таътил шудааст.