Октябр 18, 2016 15:05 Asia/Dushanbe
  • Оташи сангини яманиҳо бар сари мутаҷовизони саудӣ

Нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман 40 мушак ба марокизи таҷаммуи низомиёни саудӣ шиллик карданд.

Ба гузориши "Алаҳд", ягонаи мушакии нерӯҳои артиш ва кумитаҳои муқовимати мардумии Яман рӯзи душанбе 40 мушак ба марокизи таҷаммуи артиши саудӣ дар гузаргоҳи Алхузро, воқеъ дар Наҷрон шиллик карданд, ки мунҷар ба ҳалокат ва захмӣ шудани чандин низомии саудӣ шуд.

Дар ин ҳамалоти мушакӣ бисёрӣ аз таҷҳизоти низомии саудиҳо  аз кор баромад.

Нерӯҳои яманӣ ҳамчунин чандин мушаки "Катюша" ба мавозеи артиши саудӣ дар минтақаи Мадрасаи Аззур, воқеъ дар Наҷрон шиллик карданд .

Аз сӯйи дигар, ҷангандаҳои саудӣ дар идомаи ҳамалоти худ минтақаи Ҳарз дар устони Ҳаҷҷаро бомбаборон карданд.

Ҳамчунин муздурони саудӣ манозили шаҳрвандони яманиро дар устони Маъриб ҳадафи ҳамалоти хумпораии худ қарор доданд.