Ҳамла ба корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ дар Ироқ
(last modified Thu, 11 Feb 2021 17:13:46 GMT )
Феврал 11, 2021 22:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ дар Ироқ

Расонаҳои ироқӣ аз ҳадаф қарор гирифтани як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Бағдод хабар доданд .

  Ба гузориши радиои Садои Хуросон, як корвони пуштибонии артиши Амрико рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Аллатифияи  устони Бағдод ҳадаф қарор гирифтааст.

 Ҳануз ҳеч гуруҳе масъилияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

  Ин гузориш дар ҳоле мунташир мешавад, ки рӯзи гузашта низ манобеи ироқӣ аз ҳадаф қарор гирифтани як корвони артиши Амрико дар устони Бағдод хабар доданд, ки гурӯҳи муқовимати Қосим Алҷабборин онро бар уҳда гирифт .

Таи моҳҳои ахир борҳо корвонҳои ҳомили таҷҳизоти пуштибонӣ барои низомиёни Амрико, мустақар дар пойгоҳҳои низомии мухталиф дар Ироқ ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодае қарор гирифтаанд ва ин корвонҳо умдатан аз марзи Сурия дар ғарб ё марзи Кувайт дар ҷануб вориди Ироқ мешаванд .

  Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.

 

 Бештар бихонед :