Ансоруллоҳи Яман: тасмими ҷадиди Амрико баёнгари иштибоҳи Трамп аст
Узви Шӯрои сиёсии ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман изҳороти вазири хориҷаи Амрикоро дорои паёмҳое барои рақибон ва душманони ин ҷумбиш дар минтақа донист.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадалӣ Ал Ҳавсӣ, узви Шӯрои сиёсии Ансоруллоҳ ва раиси Кумитаи олии инқилоби Яман ҷумъашаб дар ҳисоби “Твиттер”-ӣ худ навишт: “изҳороти Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико таъкиде аст бар ин ки иқдоми давлати собиқи Амрико дар қарор додани исми Ансоруллоҳи Яман дар феҳристи созмонҳои террористӣ иқдоми иштибоҳе будааст ва таъйид мекунад, ки душманон ва рақибон ба дифои машрӯъи Ансоруллоҳ аз ватан ва ҳокимияти кишвар гувоҳӣ медиҳанд.
Ал Ҳавсӣ изофа кард, Ансоруллоҳ ба тасмими ахири Амрико дар ин иртибот ба диди мусбат нигоҳ мекунад, зеро авоқиби ин тасмими пешин мутаваҷҷеҳи мардуми Яманаст ва Ансоруллоҳ мунтазири тасмимоти ҷадид барои мутаваққиф кардани рафтори хабисонаи Амрико дар ин кишвар аст.
Вазорати хориҷаи Амрико ҷумъашаб расман эълом кард: “тасмими давлати Ҷо Байден барои ибтоли тасмими давлати қаблии ин кишвар барои қарор додани Ансоруллоҳи Яман дар феҳристи созмонҳои ба истилоҳ террористӣ аз сешанбе иҷроӣ хоҳад шуд”.
Энтони Блинкен, вазири умӯри хориҷаи Амрико гуфт, ки номи Ансоруллоҳи Яман аз феҳристи созмонҳои террористии хориҷӣ ҳазф хоҳад шуд.
Давлати собиқи Амрико ба раёсати Доналд Трамп дар вопасин рӯзҳои ҳузури худ дар Кохи Сафед дар иҷрои хостаҳои Иморот ва Арабистони Саудӣ бархе аз раҳбарони Ансоруллоҳро дар феҳристи террористӣ қарор дод .
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Вокуниши мақомоти яманӣ ба иддаои Байден дар бораи поёни ҷанг дар Яман
- Ончӣ бар Яман мегузарад!
- Вокунишҳо дар дохили Амрико ба иқдоми давлати Трамп алайҳи мардуми Яман