Феврал 14, 2021 14:59 Asia/Dushanbe
  • Пешбинӣ мешавад наздик ба 400 ҳазор кӯдаки яманӣ ба хотири камхурокии шадид ҷони худро аз даст бидиҳанд
    Пешбинӣ мешавад наздик ба 400 ҳазор кӯдаки яманӣ ба хотири камхурокии шадид ҷони худро аз даст бидиҳанд

Як мақоми барномаи ҷаҳонии ғизоии Созмони Миллал нисбат ба вахомати авзоъи кунунӣ дар кишвари ҷангзадаи Яман ҳушдор дод ва эълом кард : Бесуботии иқтисодӣ ва даргирӣ Яманро ба остонаи фурӯпошӣ кашонда ва миллионҳо хонаводаро дар авҷи қаҳтӣ башиддат осебпазир кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алҷазира,Абир Отифа-як мақоми барномаи ҷаҳонии ғизоии Созмони Миллали Муттаҳид бо ишора ба гузориши рӯзи якшанбеи ожонси ғизоии ин созмони афзуд: Ин гузориш нишон медиҳад, ки ҳудуди ниме аз кӯдакони зери 5 сол дар Яман, яъне ду миллиону  300 ҳазор кӯдак имсол дар маърази камхурокӣ қарор мегиранд.

  Ин мақоми Созмони Миллал таъкид кард: Дар сурати бетаваҷҷӯҳӣ ба ин авзоъ пешбинӣ мешавад наздик ба 400 ҳазор нафар аз ин кӯдакон ба хотири камхурокии шадид ҷони худро аз даст бидиҳанд.

  Отифа изофа кард: Таҳримҳои Амрико дар бораи Яман на фақат тавоноии созмонҳои имдодӣ ва кумакрасон, балки тавоноии бахши хусӯсӣ дар расондани ғизо ба ин кишварро печида карда ва афроди бештариро дар маърази гуруснагӣ ва хатари марг қарор додааст.

  Чаҳор ожонси Созмони Миллали Муттаҳид иборат аз созмони хорбору кишоварзии Миллали Муттаҳид,Сандӯқи кӯдакони Миллали Муттаҳид(Юнисеф), барномаи ҷаҳонии ғизо ва созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи ҷумъа ( 11 феврал) дар гузорише эълом карданд: 400 ҳазор кудаки яманӣ зери 5 сол ба далели гуруснагӣ дар маърази марг ҳастанд.

  Ҳудуди 11 миллион кӯдак дар Яман зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан ҳамаи онҳо ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

  Таҷовузи низомии Арабистон кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп