Октябр 18, 2016 19:13 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти набарди Мӯсил бо фармондеҳии нерӯҳои ироқӣ

Амалиёти озодсозии Мӯсил, маркази устони Найнаво дар шимоли Ироқ аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ, ки аз бомдоди рӯзи душанбе шурӯ шудааст, дар масири пешрафт идома дорад.

Нерӯҳои муштараки ироқӣ рӯзи сешанбе, ҳамлаи густардаеро аз меҳвари Алқиёра, дар ҷануби Мӯсил ба самти ин шаҳр оғоз карданд. Манобеи ироқӣ эълом карданд, нерӯҳои муштараки Ироқ токунӯн беш аз понздаҳ рӯсторо дар ҷануби Мӯсил, аз ишғоли ДИИШ озод карданд .

Нерӯҳои пешмарги курд ва нерӯҳои мардумӣ аз шарқ ва ҷануби Мӯсил ба артиши Ироқ дар ҷанг бо ДИИШ кумак мекунанд. Муваффақияти рӯзи нахусти амалиёти озодсозии Мӯсил, нишон диҳандаи ҷиддияти нерӯҳои муштараки Ироқ барои берун рондани террористҳои ДИИШ аз устони Найнаво аст .

Пирӯзии ниҳоӣ дар амалиёти озодсозии Мӯсил дар гарави тадовуми фармондеҳии ин амалиёт, тавассути ироқиҳо аст. Амрико ва бархе кишварҳои минтақа талош доштанд, хати мақадами ҷанг бо ДИИШ дар Мӯсилро раҳбарӣ кунанд, аммо мавозеи қотеи Ҳайдар Ибодӣ-нахуствазири Ироқ монеи ин кор шуд .

Амрико ва Туркия талоши фаровоне доштанд дар амалиёти озодсозии Мӯсил таъсире бигузоранд, аммо муваффақ нашуданд. Ин амалиёт бо фармондеҳии нерӯҳои муштараки ироқӣ (артиш, нерӯи мардумӣ, ашоир ва пешмаргҳои курд) дар ҷараён аст ва ин нерӯҳо аз ҷабҳаҳои мухталиф ба самти маркази шаҳри Мӯсил дар ҳаракат ҳастанд .

Ҳамзамон бо пешравии нерӯҳои муштараки ироқӣ ба самти Мӯсил, аносури гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳоли фирор аз манотиқи ҷангӣ ҳастанд. Сардаргумии ДИИШ дар Мӯсил, қобили мушоҳида аст ва роҳе ҷуз хурӯҷ аз ин шаҳр барои онҳо мутасаввир нест .

Пеш аз ин, ахбори мунташир шуда дар хабаргузории русии "Новостӣ" дар бораи тавофуқи Амрико ва Арабистон барои хуруҷи аносури ДИИШ аз Мӯсил ва фиристодани онон ба Сурия, муҳри таъйиде бар ҳамкории ин ду кишвар бо ДИИШ аст. Талоши амрикоиҳо барои фармондеҳии амалиёти озодсозии Мӯсил бо вуҷӯди нақши ҳимоятӣ аз ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар таноқуз аст. Дар чунин шароите, мавозеи санҷида ва қотеи давлати Ироқ боис шуд, амалиёти Мӯсил он тавр, ки амрикоиҳо тарроҳӣ карда буданд, анҷом нашавад .

Мӯсил танҳо маркази таҳарруки ДИИШ дар Ироқ буда ва бо ҷиддияти ироқиҳо барои нобудии дииш-‌ҳо, такрори рафтори мутаноқизи амрикоиҳо дар мубориза бо тероризм қобили пешбинӣ аст .

Амрикоиҳо худ иллати ташкили гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ будаанд. Решаи торихии шаклгирии гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа ба сиёсатҳои ғалати Амрико бармегардад. Ин собиқаи Амрико, сабаб шуд ироқиҳо дар ҷанг бо тероризм ба Амрико эътимод накунанд ва худ дар хати мақадами ҷанг бо ДИИШ дар манотиқи мухталифи Ироқ ва акнӯн дар Мӯсил, ҳузури мустақим дошта бошанд .

Ваҳдати нерӯҳои муштараки Ироқ дар амалиёти озодсозии Мӯсил, рамзи муваффақияти ин амалиёти сарнавиштсоз аст ва бидуни ниёз ба Амрико, ироқиҳо вазъияти Мӯсилро ба нафъи мардуми Ироқ тағйир хоҳад дод. Фуод Маъсум-раисиҷумҳурии Ироқ ҳам бо мушоҳидаи ваҳдат ва мавзеи мисолзадании ироқиҳо, бар наздик будани замони озодсозии шаҳри Мӯсил ва шикасти ҳатмии гурӯҳи террористии ДИИШ таъкид кардааст .