Корвони низомиёни амрикоӣ дар Ироқ боз ҳам ҳадафи ҳамла қарор гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i62328-Корвони_низомиёни_амрикоӣ_дар_Ироқ_боз_ҳам_ҳадафи_ҳамла_қарор_гирифт
Расонаҳои ироқӣ аз ҳадаф қарор гирифтани як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ дар Сомиррои Ироқ хабар доданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 15, 2021 22:30 Asia/Dushanbe
  • Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи амрикоиҳо аз Ироқ ҳастанд
    Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи амрикоиҳо аз Ироқ ҳастанд

Расонаҳои ироқӣ аз ҳадаф қарор гирифтани як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ дар Сомиррои Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши канали телеграмии “Собирин нюс”, як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ рӯзи душанбе дар минтақаи Юсуфия Бағдод ҳадаф қарор гирифтааст.

Дар моҳҳои ахир борҳо корвонҳои ҳомили таҷҳизоти пуштибонӣ барои низомиёни амрикоии мустақар дар Ироқ ҳадафи инфиҷори бомбаҳои канорироҳӣ қарор гирифтаанд.

Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.

Гурӯҳҳои ироқӣ пеш аз ин эълом карда буданд, ки муҳлати додашуда ба давлати Мустафо Козимӣ, нахуствазири Ироқ барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ ба поён расидааст.

 

Бештар бихонед: