Омодагии Эрон барои омӯзиши насли корофарини кишвари Сурия
Муовини илмӣ ва фанноварии раиси ҷумҳӯрии Эрон таъкид кард: Эрон дар ҳамаи ҳавзаҳои фановаронаӣ омодагии ироаи омӯзишу интиқоли донишу таҷрибаҳои худ ба насли корофарини кишвари Сурияро дорад.
Ба гузориши ИРНА, Сурно Сатторӣ- муовини илмӣ ва фанноварии раиси ҷумҳӯрии Эрон ва Муҳаммадабдулҳодии Аллҳом- раиси утоқи бозаргонии Сурия бо якдигар дидор карданд ва дар бораи тавсеъаи табодулоти фановарии молии байни ду кишвар ба гуфтугӯ нишастанд .
Сурно Сатторӣ дар ин дидор гуфт : Насли ҷадидӣ аз корофаринони ҷавон ,дунёдида ва фаъол дар Эрони шакл гирифтаанд, ки ба шакли байналмиллалӣ фаъолият мекунанд .
Сатторӣ афзуд : Хонаи навоварӣ ва содироти фанноварии Эрон дар Сурия маҳали муносибӣ аст то аз таҷрибиёт ва тавонмандиҳои мавҷуд дар ширкатҳои эронӣ намунабардорӣ кунед .
Раиси утоқи бозаргонии Сурия низ дар ин дидор гуфт : Ба дунболи осонсозии кори бозаргонӣ ва суръат бахшидан дар табодулоти молии байни ду кишвар ҳастем .
Бештар бихонед :