Март 08, 2021 21:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳоли Башшор Асад ва ҳамсараш хуб аст
    Ҳоли Башшор Асад ва ҳамсараш хуб аст

Дафтари раёсати ҷумҳурии Сурия эълом кард, Башшор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар ва ҳамсараш ба вируси корона мубтало шудаанд.

Ба гузориши «Алмаёдин», раёсати ҷумҳурии Сурия дар баёнияе эълом кард: Ҳоли ҳар дуи онҳо хуб аст ва шароити босуботе доранд.

Бар асоси ин баёния, Башшор Асад ва ҳамсараш дар муддати карантин ду ё се ҳафтае дар хонаашон ба кори худ идома хоҳанд дод.

То кунун 15 ҳазору 981 нафар дар Сурия ба корона мубтало шудаанд, ки аз ин миён 10 ҳазору 374 нафар беҳбуд ёфта ва ҳазору 63 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп