Русия барои кумак ба дармони Башор Асад эъломи омодагӣ кард
Сухангӯи раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Песков омодагии кишварашро барои кумак ба Башор Асад дар дармони бемории корона эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Риа Новости Дмитрий Песков гуфт: «Агар Башшор Асад раиси ҷумҳурии Сурия, ки ба бемории корона мубтало шудааст аз Русия барои дармон дархости кумак кунад, ҳеч тардиде надорам, ки Владимир Путин ба ин масъала ба суръат расидагӣ хоҳад кард.»
Сухангӯи кохи Кремл дар айни ҳол гуфт, ки вай ҳам инак дар мавриди вазъи саломатии раиси ҷумҳурии Сурия иттилооти кофӣ дар ихтиёр надорад.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Сурия дар хабари худ дар бораи вазъи саломатии Башшор Асад ва ҳамсараш пас аз мубтало шудан ба корона эълом кард онҳо аз саломату вазъияти пойдор бархӯрдоранд ва кори худро дар давраи карантини хонагӣ, ки ду то се ҳафта тӯл хоҳад кашид, анҷом медиҳанд.
Бештар бихонед: