Ҳадяи 10 миллиарддолларии Иморот ба режими саҳюнистӣ
(last modified Fri, 12 Mar 2021 12:10:47 GMT )
Март 12, 2021 17:10 Asia/Dushanbe
  • Иморот ва Исроил 13 августи 2020 бар сари одисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд
    Иморот ва Исроил 13 августи 2020 бар сари одисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз ташкили сандуқи 10 миллиарддолларӣ барои сармоягузорӣ дар Исроил хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории расмии Иморот, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълом кардааст, сандуқе бо эътибори аввалияи 10 миллиард доллар барои сармоягузорӣ дар бахшҳои энержӣ, об, фазо, беҳдошт ва фанновариҳои кишоварзӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ таъсис мекунад.

Ин сандуқ бо ҳадафи тавсеаву тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Абузабӣ ва Телавив эҷод ва манобеи он аз сӯйи бахши хусусиву давлатии Иморот таъмин мешавад.

Аз сӯйи дигар, гурӯҳи фанноварии пешрафтаи дифоии Иморот тафоҳумномае бо ширкати саноати ҳавоии режими саҳюнистӣ имзо кард, ки ба гуфтаи Файсал Албаноӣ, раиси иҷроии ин гурӯҳи фанноварии иморотӣ тавсеаи муштараки сомонаи дифоӣ барои муқобилаи паҳподҳо ва маҷмӯаи фанноварии пешрафтаи ин кишварро тақвият хоҳад кард.

Дар пайи талошҳои бевақфаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико барои осонсозии раванди одисозии равобит байни Иморот ва режими саҳюнистӣ, 13 август 2020 ду тараф дар тавофуқномае бар сари одисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд.

 

Бештар бихонед: