Қатли оми ваҳшиёнаи як хонаводаи ироқӣ ба дасти ДИИШ
(last modified Fri, 12 Mar 2021 14:09:35 GMT )
Март 12, 2021 19:09 Asia/Dushanbe
  • Дар миёни кушташудагон аҷсоди чанд зан низ вуҷуд дорад
    Дар миёни кушташудагон аҷсоди чанд зан низ вуҷуд дорад

Манобеи ироқӣ аз кушта шудани ҳафт узви як хонаводаи ироқӣ дар ҳамлаи  мусаллаҳона ба яке аз рустоҳои вилояти Салоҳуддин, дар шимоли Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории «Шафақ Нюс», як манбаи низомии ироқӣ эълом кард: Иддае аз афроди мусаллаҳ рӯзи ҷумъа бо либоси низомӣ ба яке аз рустоҳои минтақаи Албудур, дар устони Салоҳуддин ҳамла карданд ва ҳафт тан аз аъзои як хонаводаро куштанд ва як нафарро низ ба шиддат маҷрӯҳ карданд.

Дар миёни кушташудагон аҷсоди чанд зан низ вуҷуд дорад.

Муовини раиси шаҳристони Тикрит низ эълом кард: Ин афрод бо либоси низомиву ниқоб ва ҳамчунин ду мошин ба се хона дар ин минтақа ҳамла кардаанд ва таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки омилони ҳамла аз афроди ДИИШ будаанд.

Бо вуҷуди шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, ҳанӯз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар бархе устонҳои ин кишвар, ба вижа Салоҳуддин ба сурати пароканда даст ба иқдомоти террористӣ мезананд ва гуфта мешавад аз сӯйи бархе кишварҳо, ба вижа ишғолгарони амрикоӣ бо аҳдофи хос тақвият ва таҷҳиз мешаванд.

 

Бештар бихонед: