Ал-Фақеҳ: Малик Салмон дучори фаромӯшии комил шудааст
(last modified 2021-03-13T13:27:26+00:00 )
Март 13, 2021 18:27 Asia/Dushanbe
  • Аввалин нишонаҳои алзгеймер дар соли 2013 дар Салмон ибни Абдулазиз дида шуданд
    Аввалин нишонаҳои алзгеймер дар соли 2013 дар Салмон ибни Абдулазиз дида шуданд

Саид Ал-Фақеҳ мухолифи саршиноси арабистонӣ гуфт, ки Малик Салмон Бин Абдулазиз дучори фаромӯшхотирӣ шуда ва дарке аз пиромуни худ надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии шабакаи Ал-Олам,  Саъд Ал-Фақеҳ нависанда ва мухолифи саршиноси Арабистон дар видеои мунташир карда гуфтааст Салмон Бин Абдулазиз подшоҳи саъудӣ ба бемории  алзгеймер дучор аст ба тавре, ки нишонаҳои аввалияи он аз соли 2013 шурӯъ шуд ва акнун дараке аз иттифоқоте, ки дар атрофаш рух медиҳад надорад.

 

Ал-Фақеҳ дар бораи тасвири байналмилалии Муҳамад Бин Салмон валиаҳди саъудӣ низ гуфт: «Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нодида гирифтани Муҳаммади Бин Салмон ба як протокол табдил шуда ва ҳамаи кишварҳо ба иртиботи худ бо Малик Салмон идома медиҳанд, ҳарчанд ҳама аз бемории ӯ хабар доранд.» 

Саъди Ал-Фақеҳ сипас гуфт: «Муҳаммад Бин Салмон дигар даст ба боздошти шоҳзодагон нахоҳад зад, зеро тавоноии ин корро надорад.»

Ин устоди донишгоҳ дар бахши дигаре аз суханони худ ба Аҳмад Бин Абдулазиз бародари шоҳи саъудӣ, ки зиндонӣ аст пардохт ва гуфт, ки вай бахти болое барои ба қудрат расидан дар Арабистон дорад.

Ал-Фақеҳ гуфт Аҳмад Бин Адулазизи тафовути чандоне бо дигар аъзои хонадони салтанатии саъӯдӣ надорад ва ба таври комил аз Амрико пайравӣ мекунад, аммо монанди Муҳаммад Бин Салмони ситамгар ва шарур нест ва бо уламои динӣ ва шахсиятҳои исломӣ низ сари ситез надорад.

Аҳмад Бин Абдулазиз ба ҳамроҳи Муҳаммад бин Найф, ҷияни Муҳаммад бин Салмон ва валиаҳди собиқи Арабистони Саудӣ боздошт ва равонаи зиндон шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп