Ҳузури ҷосусони Исроил дар Сокотраи Яман
Расонаҳои арабизабон аз ҳузури афсарони ҷосуси режими саҳюнистӣ дар ҷазираи Сокотраи Яман ҳамроҳ бо афсарони артиши Иморот хабар доданд.
Ба гузориши родои тоҷикии Садои Хуросон, вуруди афсарони ҷосуси режими саҳюнистӣ ба ҷазираи Сокотраи Яман бо иддаоии анҷоми иқдомоти башардӯстона дар ин ҷазира сурат гирифтааст, аммо маъмурияти онҳо ашрофи бештар бар таҳаввулоти Сокорта ва таҳкими ҳузури низомии худ дар ин ҷазира аст.
Бар асоси ин гузориш, мақомоти Иморот исрори фаровоне бар табдили ҷазираи Сокотра ба пойгоҳе барои режим саҳюнистӣ доранд ва талош мекунанд то раванди табдили ин ҷазира ба як пойгоҳи Исроилии сариътар аз гузашта идома пайдо кунад.Ҳузури режими саҳюнистӣ дар Сокотра лаҳзаи калидӣ пас аз ба эътидол омадани муносибатҳои Иморот ва режим буд, бинобар ин сокинони иморотиҳо аз ҳампаймонҳои худ дар Яман, яъне Шӯрои интиқолии Ҷанубии хоҳиш карданд, ки барои ҳузури низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҷазираи Сокотра омодагӣ бинад.
Афсарони режими саҳюнистӣ низ дар ҳамин росто вориди ҷазираи Сокотра шудаанд.
Бештар бихонед: