Ансоруллоҳ: Амрико бозгашти сулҳ ба Яманро намехоҳад
(last modified Tue, 16 Mar 2021 06:52:35 GMT )
Март 16, 2021 11:52 Asia/Dushanbe
  • Абдусалом: Вашингтон ба хубӣ медонад, чӣ чизе сабаби бозгашти сулҳ ба Яман мешавад
    Абдусалом: Вашингтон ба хубӣ медонад, чӣ чизе сабаби бозгашти сулҳ ба Яман мешавад

Сухангӯи Ансоруллоҳи Яман гуфт, давлати Амрико бо изҳороти гумроҳкунанда ва ғайримантиқӣ нишон дод, ки бозгашти сулҳ ба Яманро намехоҳад.

Ба гузориши Алҷазира, Муҳаммад Абдусалом, сухангӯи Ансоруллоҳи Яман гуфт, Амрико наметавонад шиори инсондӯстона сар диҳад ва аз нобасомонии вазъияти инсонӣ дар Яман, ки ношӣ аз таҷовуз ва муҳосира аст ибрози нигаронӣ кунад ва сипас барои фурӯши маҳсӯлоти низомӣ ва тасҳили аҳдофи сиёсии худ бозоргармӣ кунад.

Абдусалом бобёни инки Вашингтон ба хубӣ медонад, чӣ чизе сабаби бозгашти сулҳ ба Яман мешавад, афзуд, давлати Амрико бояд тарафи мутаҷовизро мулзам кунад то ҷанг ва муҳосира алайҳи Яманро хотима диҳад то дар он сӯрат ҳаргуна талоши дипломатӣ ба натиҷа бирасад.

Ин изҳороти Муҳаммад Абдусалом пас аз он мунташир шуд, ки дафтари вазири хориҷаи Амрико дар тамос бо Мартин Гриффитс, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Яман аз вазъи асафбори инсонӣ дар Яман ибрози нигаронӣ карда буд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ,  дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст, ки бар асари ин таҷовуз токунӯн беш аз 16 ҳазор яманӣ кушта ва даҳҳо ҳазорнафар захмӣ шудаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: