Март 16, 2021 12:00 Asia/Dushanbe
  • Бекор кардани қонуни ваколат дар Арабистон пас аз 70 сол
    Бекор кардани қонуни ваколат дар Арабистон пас аз 70 сол

Давлати Саудӣ пас аз 70 сол системаи кафолат миёни коргари хориҷӣ ва корфармо дар Арабистони Саудиро бекор кард.

Арабистони Саудӣ бузургтарин кишвари арабии муҳоҷирпазир аст. Аз ҷамъияти беш аз 34 миллионии Арабистони Саудӣ ҳудуди 13 миллионро коргарони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ба иборати дигар, 37 дарсад аз ҷамъияти Арабистони Саудиро атбои дигар кишварҳо ташкил медиҳанд, ки бархе аз ин афрод аз даҳаҳои гузашта дар ин кишвари сарватманди арабӣ ҳузур доранд. Ба таври куллӣ беш аз 80 дарсади нерӯи кори бахши хусусӣ дар Арабистони Саудиро коргарони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Ҳукумати Арабистони Саудӣ коргарони муҳоҷир дар ин кишварро ба табақаҳои фародаст ва фурӯдаст тақсим мекунад. Шаҳрвандони Амрико, Фаронса ва Британия низ дар Арабистони Саудӣ ҳузур доранд, аммо ин афрод бештар дар бахши нафти ин кишвар ҳузур доранд ва вазъияти ҳуқуқии онҳо комилан мутафовит аз атбои дигар кишварҳо аст.

Ин дар ҳолест, ки атбои кишварҳои осиёӣ умдатан ба унвони табақаи фурӯдаст маҳсуб шудаву бештари шуғлҳои хадамотиро бар ӯҳда доранд. Коргарони филиппинӣ бештар ба корҳои фаннӣ, парасторӣ ва хидмат дар манзилҳо машғул ҳастанд. Коргарони покистонӣ бештар дар сохтусоз ва таъмирот фаъолият доранд. Коргарони ҳиндӣ аз он ҷое ки ба забони англисӣ ворид ҳастанд, дар бозору марказҳои дармонӣ машғул ҳастанд. Илова бар ин, ба лиҳози мизон ва чигунагии дарёфти маош ва ҳамчунин имконоти рифоҳӣ низ тафовути бисёр зиёде миёни муҳоҷирони аврупоӣ ва амрикоӣ бо муҳоҷирони осиёӣ дар Арабистон вуҷуд дорад.

Атбои кишварҳои осиёӣ умдатан фаъолиятҳоеро анҷом медиҳанд, ки атбои арабистонӣ аз анҷоми он худдорӣ мекунанд. Дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, таъмиргоҳҳо, ороишгоҳҳо, сехи дӯзандагиҳо ва ҳатто дар бахши кишоварзӣ атбои осиёӣ фаъолият доранд, аммо ағлаби атбои арабистонӣ дар зумраи кормандони давлат, нерӯҳои амниятиву низомӣ, устодони донишгоҳҳо, омӯзишу парвариш ё муҳандисии нафт ва ҳамчунин дар банкҳо машғул ҳастанд.

Яке дигар аз ҳуқуқи шаҳрвандии коргарони хориҷӣ, ки аз сӯи ҳукумати Саудӣ нақз мешавад, забти мадорики шиносоии онҳо, аз ҷумла паспорт аст, ки аз сӯйи “кафил” анҷом мешавад. Дар воқеъ, низоми кафолат иҷозаи тавқифи мадорики шиносоии коргарони хориҷиро медиҳад. Корфармоёни саудӣ паспорт ва мадорики шиносоии коргарони хориҷиро мусодира мекунанд ва ин барои коргарон табаоте дорад, ки аз ҷумлаи он имконнопазирии шикоят аз корфармо ба иллати надоштани мадорики шиносоӣ аст. Мутобиқи низоми кафолат, ҳукумати Арабистони Саудӣ хуруҷи коргарони хориҷӣ аз ин кишварро ба муҷаввизи корфармо машрут кардааст. Коргароне ки бидуни ризоияти корфармои худ корашон ё кишварро тарк мекунанд, мумкинаст бо «адами пазириш» ё ҳабсу таҳдид мувоҷеҳ шаванд.

Ҳукумати Саудӣ акнун пас аз 70 сол дар шароите низоми кафолатро барои коргарони хориҷӣ лағв кардааст, ки дар ноябри 2017 мубориза бо коргарони хориҷиро ки қонунҳои мавҷудро нақз кунанд, оғоз кард. Ҳукумати Арабистон 23 ноябри 2018 эълом кард, ки дар пайи ин фароянд 2. 1 миллион нафар боздошт шуданд, ки беш аз 1. 6 миллион нафар ё муқаррароти марбут ба сукунат ва ё ҳуқуқи корро нақз карда буданд.

Арабистони Саудӣ, ки аз бозандагони шикасти Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико буд, дар ду моҳи ахир таҳти фишори ношӣ аз тасмими давлати Байден барои интишори парвандаи қатли Ҷамоли Хошуқҷӣ қарор дошт, ки ин фишор ҳамакнун низ ба хусус алайҳи Муҳаммад бин Салмон, валиаҳд идома дорад.

Давлати Саудӣ пеш аз ин низ ҳукми озодии Loujain Alhathloul, кунишгари ҳуқуқи занон ва шахсияти расонаии аҳли Арабистонро пас аз наздик ба се сол ҳабс содир кард.

Loujain Alhathloul 29 декабри соли гузашта ба сабаби қонуни «зидди терроризми давлати Арабистон ба таҳаммули муҷозоти панҷ солу ҳашт моҳ зиндон маҳкум шуда буд. Вай пеш аз судури ин ҳукм беш аз ду сол зиндони муваққатро гузаронда буд.

Ба назар мерасад, омили аслии тасмими давлати Саудӣ барои лағви қонуни кафолат ин аст, ки талош мекунад бо додани бархе имтиёзҳои ҳуқуқи башарӣ, аз зери фишорҳои хориҷӣ, ки алайҳи ин кишвар, ба хусус дар моҳҳои ахир вуҷуд дошт, халос шавад ё ин фишорҳо коҳиш ёбад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп