Март 16, 2021 15:54 Asia/Dushanbe
  • Ин тарҳи террор, сарконсули Эрон, устондори Карбало ва муовини ӯро ҳадаф гирифта буд
    Ин тарҳи террор, сарконсули Эрон, устондори Карбало ва муовини ӯро ҳадаф гирифта буд

Муовини устондори Карбалои Ироқ аз ҷузъиёти тарҳи Иморот барои анҷоми террори бархе мақомот ва нофармонии маданӣ дар ин устон хабар дод.

Ба гузориши шабакаи «Алаҳд», Алӣ Алмиёли, муовини устондори Карбалои Ироқ гуфт: Як шахси амрикоӣ пас аз нишастҳое дар Туркия ва Иморот барои нофармонии маданӣ дар устони Карбало барномарезӣ карда ва Солеҳ Юсуф Соил, аз афсарони собиқи режими баъс ва фарди дигаре дар ҳоли таҳияи нақша барои анҷоми чанд террор дар ин устон буданд.

Алмиёли бо баёни ин ки тарҳи террорҳо аз сӯи бархе шахсиятҳо дар Иморот ҳимоят мешудааст, афзуд: Ин тарҳи террор сарконсули Эрон, устондори Карбало ва муовини ӯро ҳадаф гирифта буд.

Устондори пешини Карбало низ аз вуҷуди тарҳе барои тахрибу нобудии Ироқ, ки аз Иморот ҳидоят мешавад, хабар дод ва гуфт: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пули зиёде барои ҳимоят аз нуфузиҳо дар тазоҳуроти эътирозии Ироқ харҷ кардааст.

Ин ду мақоми ироқӣ аз давлати ин кишвар хостанд, иқдоми лозимро дар муқобили ин гуна тавтеаҳо анҷом диҳад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп