Ҳоли Башор Асад рӯ ба беҳбудӣ аст
Дафтари раёсати ҷумҳурии Сурия баёнияеро дар хусуси охирин вазъи саломатии Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия ва ҳамсараш Асмо Асад, ки пештар ба корона мубтало шуда буданд, мунташир кард.
Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия, бар асоси баёнияи дафтари раёсати ҷумҳурии Сурия, нишонаҳои беҳбудӣ дар Башор Асад ва ҳамсараш Асмо Асад мушоҳида шудааст ва онҳо дар масири беҳбудӣ қарор гирифтаанд.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Сурия таъкид кард: Башор Асад ва ҳамсараш ҳамчунон дар карантини хонагӣ ба фаъолиятҳои худ идома медиҳанд ва пас аз раҳоии комил аз вируси корона, тамоми фаъолиятҳояшонро ҳамчун гузашта ба таври табиӣ шуруъ мекунанд.
То кунун 16 ҳазор нафар дар Сурия ба корона мубтало шудаанд, ки аз ин миён 10 ҳазору 380 нафар беҳбуд ёфта ва ҳазору 100 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.
Бештар бихонед:
- Ибтилои Башор Асад ва ҳамсараш ба корона
- Русия барои кумак ба дармони Башор Асад эъломи омодагӣ кард
- Ҳушдори Башор Асад дар бораи паёмадҳои густариши корона дар Сурия