Ҷангандаҳои саъудӣ пойтахти Яманро бомбаборон карданд
Ҷангандаҳои эътилофи саъудӣ бомдоди якшанбе Санъо- пойтахти Яманро бомбаборон карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шабакаи телевизиюнӣ Алмасираи Яман эълом кард,ки ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саъудӣ фурӯдгоҳи байналмиллалии Санъо ва 2 минтақаи дигар дар ин шаҳрро ҳадаф қарор додаанд .
Бар асоси эъломи шабакаи Алмасира парвози ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саъудӣ бар фарози пойтахти Яман ҳамчунон идома дорад .
Ҳануз аз зарарҳо ва талафоти эҳтимолии ин ҳамла гузорише мунташир нашудааст.
Арабистони бо ҳимояти Амрико,Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз ҳабдаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст .
Бештар бихонед :