Март 22, 2021 16:40 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги эътилофи саъудии алайҳи Яман ҷумъаи оянда вориди ҳафтумин сол мешавад.
    Ҷанги эътилофи саъудии алайҳи Яман ҷумъаи оянда вориди ҳафтумин сол мешавад.

Артиши Яман дар вокуниш ба ташдиди ҷиноёти саъудиҳо ва муҳосираи Яман бори дигари фурӯдгоҳи Малик Холид дар Риёз- пойтахти Арабистони саъудиро ҳадаф қарор дод .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алманор, пас аз ин ҳамла ширкати ҳавопаймойии Арабистони саъудӣ бо интишори баёнияе аз мусофирон ба сабаби таъхир дар парвозҳои ин фурӯдгоҳ узрхоҳӣ ва эълом кард ин иттифоқ хориҷ аз иродаи масъӯлони фурӯдгоҳ будааст .

    Тасвирҳои марокизи кантроли трафики ҳавоӣ низ аз эҷоди ихтилол дар масири парвозҳо ва сардаргумии ҳавопаймоҳо дар осмони Арабистони саъӯдӣ ҳикоят дорад.

   Ҳавопаймоҳои мутаҷовизи саъудӣ дар ҷадидтарин ҳамалоти худ бомдоди душанбе панҷ бор шаҳри Санъо-пойтахти Яман ва низ манотиқе аз устони Ҳаҷҷаро ҳадаф қарор доданд .

  Ҷанги эътилофи саъудӣ алайҳи Яман ҷумъаи оянда вориди ҳафтумин сол мешавад.

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп