Март 28, 2021 12:36 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти фаластиниён барои озодии раҳбарони Ҳамос аз зиндонҳои Арабистон
    Тазоҳуроти фаластиниён барои озодии раҳбарони Ҳамос аз зиндонҳои Арабистон

Садҳо фаластинӣ дар навори Ғазза бо баргузории тазоҳурот хостори озодии ду узви Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) аз зиндонҳои Арабистони Саудӣ шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот бо сар додани шиорҳои эътирозии « Муҳаммад Бин Салмон » валиаҳд ва «Салмон Бин Адулазиз» подшоҳи саъудиро хитоб қарор доданд ва аз онҳо хостанд « Муҳаммад ал-Хазрӣ » ва «Ҳонӣ ал-Хазрӣ» ду узви Ҷумбиши Ҳамосро озод кунанд.

 

Муҳаммад  ал-Хазрии 83 сола ва Ҳонӣ ал-Хазрӣ. ки масъули шохаи равобити байналмилали Ҷумбиши Ҳамос буданд тавассути нерӯҳои амниятии саъудӣ апрели 2019 боздошт шуданд. 

 Бар асоси ин гузориш, борҳо тавассути хонаводаи ал-Хазрӣ паёмҳое ба мақомоти саъудӣ мабнӣ бар лузуми озодии ҳарчӣ зудтари Муҳаммад ва Ҳонӣ ал-Хазрӣ аз зиндон таъкид шудааст. аммо ҳеч посухе аз Риёз ба онҳо дода нашудааст. 

 23 марти соли ҷории милодӣ Ҷумбиши Ҳамос аз вихомати авзоъи ҷисмонии Муҳаммади ал-Хазрӣ дар зиндони саъудӣ хабар дода буд. 

  Пештар ва дар моҳи феврал ҳам Созмони афви байналмилал дар гузорише вахимтар шудани ҳоли Муҳаммад ал-Хазрӣ намояндаи Ҳамос дар зиндони Арабистони саъудӣ дар натиҷаи адами пайгирии муолиҷоти пизишки ӯ тавассути масъулони саъудиро таъйид карда буд. 
  
  
  
  Бештар бихонед : 

Барчасп