Март 30, 2021 16:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳания: Муқовимат омода аст бештар аз гузашта ҷонфишонӣ кунад
    Ҳания: Муқовимат омода аст бештар аз гузашта ҷонфишонӣ кунад

Раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) таъкид кард, гузинаи миллати Фаластин муқовимати фарогир ва дар садри он муқовимати низомӣ аст.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷумбиши ҲАМОС гуфт: Муқовимат омода аст то барои дастёбӣ ба озодӣ, истиқлол ва ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзаминашон бештар аз гузашта ҷонфишонӣ кунад.

Ҳания ҳамчунин таъкид кард: Хатар фақат ормони Фаластинро таҳдид намекунад, балки минтақаву миллатҳои онро ҳадаф қарор додааст.

Холид Албатш, узви дафтари сиёсии ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин низ дар суханоне бо баёни ин ки оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ҳаққи нишон додани ботил аст, афзуд, тамоми он чӣ ки дар масири ҷиҳоду муқовимат ва радди созиш бо режими ишғолгар ниёз дорем, ин аст, ки воқеиятро он гуна ки ҳаст, ба мардум мунтақил ва аз он дифоъ кунем.

Баҳрайн ва Иморот дар 15 сентябри 2020 бо ҳузур дар Кохи Сафед бо режими саҳюнистӣ қарордоди созиш ва оддисозии равобит имзо карданд, ки бо интиқоди густарда дар кишварҳои исломӣ мувоҷеҳ шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп