Апрел 03, 2021 13:49 Asia/Dushanbe

Як ҷавони саудӣ бо силоҳ вориди Масҷидулҳаром шуд ва шиорҳое дар ҳимоят аз гурӯҳи террористии ДИИШ сар дод.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам, ин ҷавон, ки либоси суннатии арабистонӣ ба тан дошт ва ҳатто ба хотири шуюъи корона ниқоб пӯшида буд, аз сӯи маъмурони амниятии Масҷидулҳаром зуд боздошт шуд.

Садҳо ҳазор корбарони Твиттер бо интишори видеои ин ҳамла. ҳаштаки  "Як узви ДИИШ дар Ҳарами Макка"-ро дар Арабистони Саудӣ ва чанд кишвари дигари араб тренд карданд.

 Онҳо дар твиттҳои худ ин суолро матраҳ карданд, ки чӣ гуна ин ҷавон тавонист бо шиорҳои ДИИШ ба зиёратгоҳ ворид шавад ва бо силоҳ дар байни намозгузорон ҳаракат кунад?!

Дар ин видео садои тир низ ба гӯш мерасад.

Мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп