Апрел 03, 2021 21:40 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 12 гумонбари ДИИШ-ӣ дар Истанбул

Нерӯҳои амниятии Туркияи 12 нафарро ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Истанбул боздошт карданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон  ин афрод дар амалиёти ҳамзамони нерӯҳои амниятии Туркия дар 12 бахш аз ҳашт минтақаи калоншаҳри Истанбул дастгир шуданд .

    Бар асоси ин гузориш  ҳамаи боздоштшудагон аз атбоъи хориҷӣ ҳастанд, ки бо манотиқи даргирӣ дар Сурияу Ироқ ба таври мураттаб дар иртибот буданд ва дар кори ҷазби нерӯ, ҷамъоварӣ ва интиқоли кумаки молӣ барои гурӯҳи террористии ДИИШ талош ва фаъолият мекарданд .

    Ҳамчунин аз маҳали пинҳон шудани ин афрод миқдори зиёде асноду таҷҳизоти электроникӣ кашфу забт шудааст .

    Давлати Туркия дар се моҳаи нахусти имсол 207 гумонбари ДИИШ-иро дастгир кардааст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп