Апрел 04, 2021 12:47 Asia/Dushanbe
  • Амрико ба таъаҳҳудоти худ нисбат ба Исроил пойбанд мемонад
    Амрико ба таъаҳҳудоти худ нисбат ба Исроил пойбанд мемонад

Вазири хориҷаи режим саҳюнистӣ гуфт : Амрико бо таҳқиқоти девони ҷазоии байналмиллалӣ (Гаага ) дар бораи ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ ва навори Ғазза эъломи мухолифат кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Joyce Press, Гоби Ашкинозӣ-вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ шомгоҳи шанбе пас аз гуфтугӯии телефонӣ бо Энтони Блинкен-вазири хориҷаи Амрико изҳор кард : Блинкен дар ин тамос ба вай итминон додааст, ки Вашингтон бо фаъолиятҳои девони Гаага дар хусӯси талоши  фаластиниҳо барои бакоргирии қудрат алайҳи кишварҳои ғайриузв  мувофиқ нест ва ба таъаҳҳудоти худ нисбат ба Исроил пойбанд мемонад .

    Ашкинозӣ низ дар ин гуфтугӯ муддаӣ шудааст, ки мудохилаи фаъолонаи Ташкилоти худгардони Фаластин дар таҳқиқоти девони Гаага алайҳи Исроил ба пешбурди иқдомоти Тел-Авив дар ин замина чӣ дар сатҳи сиёсӣ ва чӣ вазъи майдонӣ садама мезанад.

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп