Апрел 04, 2021 16:41 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми террористҳо аз Сурия ба Маъриби Яман
    Эъзоми террористҳо аз Сурия ба Маъриби Яман

Манобеи яманӣ аз вуруди террористҳое аз Сурия ба ин кишвар барои эъзом ба устони Маъриб, ҷиҳати муқобила бо артиш ва кумитаҳои мардумӣ хабар доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, манобеи иттилоотӣ дар Яман эълом карданд, террористҳои ал-Қоида бо истиқрор дар чандин минтақаи наздики соҳили «Обин», мунтазир ҳастанд то ин аносури такфирӣ аз Сурия вориди Яман шаванд. 

Тибқи гуфтаи манобеи амниятӣ ва иттилоотӣ, террористҳои ал-Қоида маъмур ҳастанд то амнияти масири вуруди ин террористҳоро пас аз вуруд ба Яман таъмин карда ва онҳоро бо силоҳҳояшон ба устони Маъриб мунтақил кунанд. 

Бар асоси ин гузориш,  дар як ҳафтаи гузашта террористҳои ал-Қоида барои таъмини масири ҳаракати унсури мусаллаҳе, ки аз Сурия вориди Яман мешаванд, ба чандин мақарри шибҳи низомиёни шӯроии интиқоли ҷануб ҳамла кардаанд. 

Тобистони соли гузашта унсурҳои террористӣ таҳти роҳбарии "Раид бин Саъуд бин Моайлӣ", Салмон бин Алӣ Ҳамд ибни Миқон ва "Абдуллоҳ ал-Макнӣ" барои ҷанг дар меҳвари амалиёти Маъриб, аз Сурия ба Яман ворид шуданд.

Вуруди террористҳо аз Сурия ба Яман дар ҳолест, ки андешкдаи «мутолиоти Ховари наздики Вашингтон » ҷумъаи гузашта бо баррасии қудрати мушакӣ ва паҳподии Яман, аз давлати Раиси Ҷумҳури Амрикои « Ҷо Байден» хост то аз тамоми абзорҳои мумкин барои мамониат аз қудратёбии бештари  Ансоруллоҳи Яман истифода кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп