Озодии як фаластинӣ аз зиндони саҳюнистҳо пас аз 35 сол
Рушдӣ Абумух, як асири фаластинӣ, рӯзи душанбе пас аз 35 соли зиндон озод шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам; Режими саҳюнистӣ Рушдӣ Абумухи 58- соларо дар соли 1986 ба ҳамроҳи се тан аз дӯстонаш боздошт карда буд, аммо дар ин солҳо бо вуҷуди имзои чанд қарордоди табодули зиндониёнро, ки охирини он дар соли 2014 анҷом шуд, аз озодии ӯ ва дӯстонаш худдорӣ кард.
Рушдӣ, ки дар байни дӯстонаш ба Солеҳ шӯҳрат дошт, ибтидо аз сӯи додгоҳи режими саҳюнистӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд, аммо баъдан ҳукми вай ба 35 соли зиндон тағйир ёфт.
Бо озодии зиндонӣ Абумух шумори зиндониёни қадимии фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба 25 нафар расидааст.
Созмони умури асирон ва озодагони фаластинӣ дар охирин оморҳои худ ба муносибати 17 апрел рӯзи асири фаластинӣ шумори фаластиниён дар банди зиндонҳои режими саҳюнистиро 6 ҳазору 500 нафар эълом кард, ки 57 нафар аз онон зан ва 300 нафар кӯдак ҳастанд ва беш аз 500 нафар аз онон низ бидуни муҳокима дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба сар мебаранд.
Бештар бихонед: