Апрел 07, 2021 14:23 Asia/Dushanbe
  • Салмияи вилояти Ҳамо борҳо шоҳиди ҳамлаҳои унсурҳои террористии ДИИШ шудааст
    Салмияи вилояти Ҳамо борҳо шоҳиди ҳамлаҳои унсурҳои террористии ДИИШ шудааст

Гурӯҳи террористии ДИИШ 54 нафар аз шаҳрвандони Сурияро, ки дар канори Ҳамо рабуда буданд озод кард, аммо ҳамчунон сарнавишти чанд рабудашудаи дигар маълум нест.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи итилоърасонии ал-Арабӣ алана 60 нафар аз саҳронишинҳои атрофи Салмия чанде қабл барои ҷамъоварии гиёҳҳои камёб ва пурарзиш ба саҳроҳои атрофи Ҳама дар маркази Сурия рафта буданд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ  ононро рабуд.

Манобеи маҳаллӣ бо таъйиди озодии 54 нафар аз ин афрод гуфтанд, ки ҳанӯз аз сарнавишти 6 нафар аз афроди рабудашуда ба дасти ДИИШ итилоъе дар даст нест. 

Террористҳои ДИИШ ба ҳангоми ҳамла ба ин гурӯҳ, мотосиклҳои онҳоро рабуда ва телефонҳои мобилии онҳоро нест карданд.

Ин ҳамла мӯҷиби кушта шудани як ҷавон ва захмӣ шудани се нафари дигар низ шуд. 

Минтақаи Салмия борҳо шоҳиди ҳамалоти унсурҳои террористии ДИИШ будааст, ки аз минтақаи марзии ат-Танф дар устони Ҳамс, ки дар ишғоли артиш Амрикост ҳимоят мешаванд. 

 

Бештар бихонед:

   

Барчасп