Ҳамлаи паҳбодии яманиҳо ба пойгоҳи "Малик Холид"-и Арабистон
(last modified Thu, 08 Apr 2021 04:59:35 GMT )
Апрел 08, 2021 09:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳбодии яманиҳо ба пойгоҳи \
    Ҳамлаи паҳбодии яманиҳо ба пойгоҳи \"Малик Холид\"-и Арабистон

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бомдоди панҷшанбе аз ҳамлаи паҳбодии артиш ва кумитаҳои мардумии ин кишвар ба пойгоҳи ҳавоии "Малик Холид" дар ҷануби арабистон хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, "Яҳё Сареъ" эълом кард, нерӯҳои артиш ва комитетҳои мардумӣ бо як фарванди паҳподи бумӣ "Қосиф  k2 " пойгоҳи ҳавоии " Малик Холид "-ро ҳадаф қарор додаанд. 


Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман "Яҳё Сареъ" бо баёни и нки ин амалиёт дақиқ анҷом шудааст тасреҳ кард, ин ҳамлаи посухии қонунӣ ва табиӣ ба идомаи таҳоҷум ва муҳосираи Яман аст. 

Сешанбешаб низ пойгоҳи ҳавоии " Малик Холид " ҳадафи ҳамлаи ду фарванди паҳподи артиш ва комитетҳои мардумии Яман қарор гирифта буд.

 Фурудгоҳҳои Ҷизон ва Абха, инчунин пойгоҳи ҳавоии Малик Холид дар ҷануби Арабистони Саудӣ, дар моҳҳои охир борҳо ҳадафи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакии артиши Яман ва кумитаҳои мардумӣ қарор гирифтаанд.

Ду фурудгоҳ ва инчунин пойгоҳи ҳавоии Малик Холид барои пур кардани сӯзишворӣ ва дастгирии ҷангиёне, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи Саудӣ дар Яман истифода мешаванд, истифода мешаванд.

 

Бештар бихонед: