Апрел 14, 2021 20:11 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ дар идома аз Эрон хост, аз он чӣ онро таниш хонда, бипарҳезад
    Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ дар идома аз Эрон хост, аз он чӣ онро таниш хонда, бипарҳезад

Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ дар вокуниш ба тасмими Эрон барои оғози ғанисозии 60 дарсадӣ, аз ин иқдом ибрози нигаронӣ кард.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Арабистон омадааст: Арабистони Саудӣ таҳаввулоти кунунии барномаи ҳастаии Эронро бо нигаронӣ дунбол мекунад, таҳаввулоте, ки охирин мавриди он эъломи боло бурдани сатҳи ғанисозии  уран ба мизони 60 дарсад буд.

Арабистони Саудӣ муддаӣ шудааст, ки ин масъаларо наметавон барномае барои истифодаҳои мусолиматомез донист.

Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ дар идома аз Эрон хост, аз он чӣ онро таниш хонда, бипарҳезад ва «амнияти минтақаву суботи онро беш аз ин муташанниҷ накунад» ва «ба сурати ҷиддӣ» вориди музокирот шавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп