Идомаи ҳузури низомии Амрико; бузургтарин хатар барои Ироқ
Муовини дабири кулли ҷумбиши муқовимати исломии « НАҶБО »-и Ироқ таъкид кард: Бузургтарин хатари таҳдидкунанда барои кишвар тадовуми ҳузури низомии Амрико аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Наср Алшимирӣ - муовини дабири кулли ҷумбиши муқовимати исломии « НАҶБО » имрӯз панҷшанбе дар паёме хитоб ба ишғолгарони амрикоӣ гуфт: Шиносоӣ ва шеваи бархурд бо хатарҳо вазифаи мардуми Ироқ аст, ки ҳамвора поёни ишғолгарии ҷинояткорона ва поёни дахолати маркази ҷосусии шуморо хостор шудаанд .
Алшимирӣ афзуд: Имрӯз Амрико бо нодида гирифтани барқасдонаи мусаввабаи порлумони Ироқ дар бораи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ замину осмони ин кишварро мавриди таҷовуз қарор медиҳад; дар ҳоле ки Ироқ кишвари озод ва узви Созмони Миллал аст .
Алшимирӣ дар бораи паёмадҳои идомаи ҳузури низомии Амрико бар рӯи бофти иҷтимоӣ ва иқтисоду сиёсати Ироқ низ ба давлат ҳушдор дод .
Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи Амрико аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст .
Бештар бихонед :
-
Раҳбари муаззами инқилоб: Эрон хоҳони Ироқи иззатманд ва мустақил аст
-
Баёнияи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ дар бораи тавтеаи нави Амрико дар Ироқ