Апрел 19, 2021 14:44 Asia/Dushanbe
  • Сайидҳасан Насруллоҳ аз даргузашти ногаҳонии сардор Ҳиҷозӣ дар замоне, ки меҳвари муқовимат ба ҳузури ӯ ниёз дошт, ибрози таъассуф кард
    Сайидҳасан Насруллоҳ аз даргузашти ногаҳонии сардор Ҳиҷозӣ дар замоне, ки меҳвари муқовимат ба ҳузури ӯ ниёз дошт, ибрози таъассуф кард

Дабири кулли ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ва раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос дар паёмҳое даргузашти сардор Ҳиҷозӣ- ҷонишини фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро таслият гуфтанд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои шабакаи хабарии Алолам, Сайидҳасан Насруллоҳ- дабири кулли ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ба муносибати даргузашти сардор Сайидмуҳаммади Ҳусайнзодаи Ҳиҷозӣ- ҷонишини фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломи паёми таслияте ба Раҳбари муъаззами инқилоб ирсол кард .

    Дар паёми Сайидҳасан Насруллоҳ омадааст : « Аз даргузашти ногаҳонии Ҳиҷозӣ дар замоне, ки меҳвари муқовимат ба ҳузури пурбаракати ӯ ниёз дошт, бисёр ғамгин ҳастем . Мо бародари бузург, пуштвонаи қавӣ, фидокори вафодор, намунаи  ахлоқӣ, як равшанфикр ва ҳамчунин як дӯсти ҳамроҳу ёри вафодори шаҳиди бузургвор ҳоҷ Қосими Сулаймониро аз даст додем . »

    Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) низ дар паёме ба Раҳбари инқилоби исломӣ даргузашти сардор Ҳиҷозиро ба ишон, хонаводаи сардор ва мардуми Эрон таслият гуфт .

    Ҳания дар паёми худ аз мавзегириҳои гаронқадри сардор Ҳиҷозӣ дар ҳимоят аз миллату муқовимати қаҳрамони Фаластин ва нақши пурранги эшон дар ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин ва қазияи одилонаи он, қадрдонӣ кард .

  Сардор Сайидмуҳаммади Ҳиҷозӣ-ҷонишини фармондеҳи нерӯии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шомгоҳи якшанбе дар сини 65 солагӣ бар асари бемории вобаста аз кимиёӣ шудан дар даврони Дифои муқаддас даргузашт .

 

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп